Артиши миллӣ – неруи пуриқтидор

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити басо вазнин таъсис ёфтааст. Ба таъсисёбии он 29-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи биноҳою иншооти аҳамияти ҳарбидошта ва техникаю аслиҳа дар шароити мураккаб таъсис ёфт. Ҳамаи мо медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. 

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ баҳраманд гардад.

Дар шароити ниҳоят вазнини сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Агар давраи аввали сохтмони қувваҳои ҳарбӣ ташкили Артиши миллии дорои қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва ҳаёти осоишта бошад, пас давраи дуюм аз такмили сохтори ташкилию штатӣ иборат буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд.

Пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тӯли 29-соли мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намуда, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад.

 Дар ин ҷабҳа, саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда, Артиши миллии он низ ба яке аз неруи тавонманду кафили рӯзгори осоиштаи мардум табдил ёфтааст.

Абдуҷабборзода Сафина корманди Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.