АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “АСОСҲОИ МАҲОРАТИ ПАРДОЗГАРӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН”

Дар МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” аз санаи 12 октябри соли 2022 то 21 октябри соли 2022 машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯи  “Асосҳои маҳорати пардозгарӣ дар телевизион” доир гардид.

Машғулиятро Ахатова Сайёра, мутахассиси ботаҷрибаи соҳа, пардозгари театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковскийи шаҳри Душанбе гузаронд.

Курси бозомӯзии асосҳои маҳорати пардозгарӣ дар шакли назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, Ахатова Сайёра усул, шакл ва навъҳои маҳорати пардозгариро дар асоси назария ва таҷрибаҳо ба шунавандагони курс  омӯхт.

Дар рафти машғулият усулҳои истифода аз ороиш, шеваи корбурди маҳсулоти ороишӣ ва дигар маҳоратҳои муҳимми асосҳои пардозгарӣ омӯзиш ва тавсия дода шуд.

Дар машғулият шунавандагони курс аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ шаркат намуданд ва дар фарҷом ба шунавандагон сертификат супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.