АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “РОБИТАИ МАРКАЗҲОИ МАТБУОТӢ БО ВАО”

         Дар МД “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” аз 8 то 17 ноябр машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Робитаи марказҳои матбуотӣ бо ВАО” доир гардид.

Фаррухшо Суҳробшо, мутахассиси ботаҷрибаи соҳа ба ширкаткунандагон аз таърихи пайдоиш ташаккул, шакл, моҳияти фаъолият ва баъзе усулу шеваҳои кори марказҳои матбуотӣ омӯзиш гузаронд.

Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон паҳлуҳои асосии фаъолияти марказҳои матботиро фаро гирифтанд. Ширкаткунандагон аз метод ва шеваи омӯзиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар омӯзиши мазкур 20 нафар аз вазорат, кумита ва мақомоти маҳаллӣ ширкат намуданд ва дар охир ба ҳамаи ширкаткунандагон сертификат супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.