Анҷоми машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист”

Аз 20-ум то 23-юми октябр дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист” гузаронида шуд. Дар ҷараёни машғулияти бозомӯзӣ 11-нафар намояндагони ВАО иштирок карда, оид ба қонунгузории соҳа маълумотҳои худро мукаммал намуданд. Доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Умрилло Меликов давоми семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён оид ба маҷмӯи қонунҳое, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони ВАО-ро ба танзим медароранд, маълумот пешниҳод кард. Аз ҷумла дар машғулияти бозомӯзӣ мавзӯъҳои “Ҳуқуқҳои муаллифии журналист”, “Шартномаи муаллифӣ”, “Ҳуқуқҳои меҳнатии журналист”, “Таҳлили асарҳои хизматӣ”, “Шартномаи меҳнатӣ” “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО”, “Вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи ВАО” баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин омӯзгор ҷиҳати боло бурдани савияи ҳуқуқии иштирокчиён дарсҳои амалиро роҳандозӣ намуд. Умрилло Меликов кормандони ВАО-ро вазифадор кард, ки доир ба санадҳои ҳуқуқӣ, матни шартномаҳое, ки ба фаъолияти журналистон дахл доранд ва дигар мавзӯъҳо мавод омода кунанд. Доир намудани чунин курсҳои бозомӯзӣ барои тақвият бахшидани дониши ҳуқуқии рӯзноманигорон равона гардидааст.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.