АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ АСОСҲОИ МАҲОРАТИ НАВОРБАРДОРӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Аз санаи 12 то 22 сентябри соли 2022 дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикисон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Ассосҳои маҳорати наворбардорӣ дар телевизион» барои наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ баргузор шуд.
Машғулиятро собиқадори телевизион ва кино, коргардон-наворбардори телевизиони вилоятии Челябински Федератсияи Россия Озод Маликов гузаронд.
Курси бозомӯзӣ дар ду шакл, назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, омӯзгор дар рафти он оид ба наворбардорӣ дар барномаҳои телевизион аз ҷумла шаклҳои муосири барномаҳои хабарӣ, мусоҳиба, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, филмҳои мустанад, наворбардорӣ дар шароити кӯҳистон ва табиати зинда, истифодаи кинокамераҳо дар дохили студия ва берун аз он маълумотҳои зарурӣ дод.
Ҳамчунин дар рафти машғулият аз навору сабти барномаҳои мутахассисони машҳури соҳаи синамо ва телевизион бо истифода аз проектор намоиш дода, аз таҷрибаи кории онҳо барои шунавандагон мисолҳои ҷолиберо пешниҳод кард.
Баъди анҷоми ҳар як дарс устод ба шунавандагони машғулият супориш медод то намунаеро аз барнома ва ё навори гирифтаи худ оварда нишон диҳанд. Бо чунин усул ҳам аз тарзи дурусти наворгирӣ шогирдон огоҳ мешуданд ва ҳам камбудиҳои худро бартараф менамуданд.
Омӯзгор бо ҳар як шунаванда суолу ҷавоб карда, то чӣ андоза аз мавзуъҳои пешниҳоднамудаашон баҳраманд шудани онҳоро шунида ва ба онҳо тавсия дод, ки бояд аз барномаҳои танзими муосир бархурдор бошанд.
Дар машғулият 15 нафар шунаванда номнавис шуда буд, ки дар анҷом ба 10 нафари он сертификат супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.