АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “АСОСҲОИ ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТОК-ШОУ”

Дар Муассисаи давлатии  “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” аз 14 то 25 ноябр машулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу” бо иштироки кормандони телевизион ва радиоҳои давлатӣ доир гардид.

Машғулияти омӯзиширо Алексей Лемаев, мутахассиси соҳаи ток-шоу аз Федератсияи Россия ва Баҳриддин Сайфиддинов, мутахассиси ботаҷриба аз Тоҷикистон гузаронданд. Онҳо доир ба таърихи шаклгирии жанри ток-шоу ба иштирочиён маълумот дода, шаклу шева ва усули таҳияи барномаҳои ток-шоу дар телевизион ва радиоро омӯзиш доданд.

Машғулияти омӯзишии барномаҳои ток-шоу бо ширкати мутахассис аз кишвари Федератсияи Россия бори аввал дар МД “Академияи ВАО -и Тоҷикистон” баргузор гардид. Мутахассис Алексей Лемаев бо истифода аз таҷрибаҳои телевизионҳои Россия доир ба хусусият ва шеваҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу омӯзиш гузаронд. Мавсуф бо нишон додани барномаҳои омодашудаи ток-шоу дар ҳузури ширкаткунандагон усул ва шеваҳои ҷаззобсозии барномаҳои ток-шоуро ташреҳ намуд. Ба андешаи ӯ, яке аз хусусиятҳои барҷастаи барномаҳои ток-шоу матраҳ намудани мавзуъҳои проблемавӣ ва ширкати фаъоли иштирокчиён дар барнома мебошад. Унсурҳои садо, навор, шеваи ороиши саҳна (студия), интихоби мавзуъ, интихоби чеҳраҳо барои ширкат дар барнома ва ғайра муҳимтарин омилҳои таъсиргузор ва ҷаззобсозии барномаи ток-шоу мебошад.

Бояд гуфт, ки барномаҳои ток-шоу яке аз барномаҳои сербинанда дар асри ҳозир ба шумор меравад ва шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро бидуни вуҷуди он тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин ҷиҳат, МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” нақша дорад машғулиятҳои омӯзиширо дар мавзуи зикршуда боз ҳам ба роҳ монад.

Дар анҷоми омӯзиш ба 16 нафар иштирокчиён сертифакат супорида шуд.

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барои фиристодани кормандони худ ҷиҳати ширкат дар машғулияти омӯзишӣ изҳори сипосгузорӣ менамояд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.