Андозаи кадрҳо дар формати HD

Дар рузи дуюми машғулияти омузишӣ омӯзгор Маъруфҷон Оқилов оид ба истифодаи форматҳо, андозаи кадрҳо дар формати HD, истифодаи ноқилҳо дар вақти пахш ва танзими барномаҳо ва дастгоҳҳои наворбардории ноқилӣ ва фосилавӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.
Иштирокчии машғулият аз телевизиони Баҳористон, Рустам Раҳматов иброз дошт, ки дар рафти машғулият мо тавонистем доир ба андозаи кадрҳо, ноқилҳои пахш ва танзими барномаҳо, намуди сигналҳо дар моҳвора ва дастгоҳҳои наворбардорӣ дар студияҳои сайёри телевизионӣ маълумоти дақиқ пайдо кунем.
Ба монанди Рустам Раҳматов, 19 нафар иштирокчии дигари машғулият низ ҷиҳати баланд бардоштани савияи касбии худ тавассути саволу ҷавоб маълумоти кофӣ ба даст оварданд. Машғулияти омузишӣ дар мавзуи “Омузиши формати HD” то охири ҳафта идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.